Тоҷикистон ва Эрон масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ, Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфавии кишвари иқомат Ғуломҳусайн Ҳусайниниё 10 август доир гардид. Дар ин бор ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо алоқамандии худро барои амалисозии барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар тайёр кардани мутахассисони касбиву техникӣ миёни марказҳои омӯзишии ду кишвар тибқи санадҳои имзошуда зимни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон дар моҳи майи соли ҷорӣ баён карданд.
Ёдовар мешавем, ки 29-30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доштанд.
Дар доираи ин сафар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ, Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд.
Дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду кишвар дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду давлат дар асоси ҳусни тафоҳуму эътимод ва бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ, инчунин тавсеаи ҳамкории судманд миёни кишварҳо зарур шуморида шуд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд






