Тоҷикистон ва Корея масоили марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 август мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Со Бёнсу баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот доираи васеи масоили марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстона муҳокима гардид.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 6 нафар хизматчиёни давлатӣ аз вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои таҳсил ба Корея фиристода мешаванд.
20 август муовини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ, ки тавассути барномаи бурсиявии KOICA барои таҳсил ба давлати Корея фиристода мешаванд, мулоқот намуд.
Иқдоми мазкур дар заминаи муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Корея, ки аз 27 апрели соли 1992 ба роҳ монда шудааст, сурат гирифта, дар доираи ҳамкории сохторҳои дахлдор бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Корея бурсияҳо ҷудо карда шудаанд. Дар робита ба ин, тибқи озмуни эълоннамудаи Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти бурсияҳо барои таҳсили дусола дар Корея 6 нафар хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб баромада, аз 21 август то 29 августи соли равон барои таҳсил дар солҳои 2022-2024 ба Корея фиристода мешаванд.
Дархости мазкур ҷиҳати иштироки довталабон-хизматчиёни давлатӣ барои дарёфти бурсияҳо аз ҷониби Сафорати Корея дар Тоҷикистон пешниҳод гардида, ин бурсияҳо аз рӯи 11 номгӯй ихтисос танҳо барои хизматчиёни давлатӣ муқаррар карда шудаанд.
Акс: ВКХ ҶТ








Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд






