Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро дар заминаи ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ густариш медиҳанд

Август 15, 2022 12:58

ДУШАНБЕ, 15.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирии офатҳои табиӣ ва расонидани ёрии аввалин ба зарардидагон 15 август дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва ҳайати Кумитаи маориф ва тандурустии Кореяи Ҷанубӣ таҳти роҳбарии МангСаб Сим баррасӣ гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.

Роҳбари Кумита ба меҳмонон оид ба низоми давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, фаъолияти Кумита, ки бо ҳуҷҷатҳои танзими рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар тасдиқ шудааст, маълумот дод.

Ҷонибҳо аз ҳамкории созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ

Август 15, 2022 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед