«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 18 август дар шаҳри Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Соли равон дар даври якуми озмун 3374 нафар довталабон иштирок намуданд, ки аз ин шумора 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз теъдоди роҳхатгирифтагон тибқи раддабандии синнусолӣ, ки дар низомномаи озмун пешбинӣ шудааст, 742 нафарро аз 12 то 17-сола ва 581 нафарро аз 18 то 30-сола ташкил медиҳанд. Иштироки довталабон дар озмун нисбат ба соли гузашта 381 нафар зиёд аст. Даври дуюми озмуни мазкур дар вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷамъбаст гардид.
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар минтақаи Ҳисор аз 1 то 5 август ва дар минтақаи Рашт аз 8 то 11 августи соли равон гузаронида шуд.
Аз минтақаи Ҳисор дар даври дуюми озмун 120 нафар довталабон ширкат варзида, 22 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз минтақаи Рашт аз 64 нафар иштирокчӣ 21 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо санадҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 10 сентябр муқаррар карда мешавад. Даври сеюми озмун то 1 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






