Толибон ба неруҳои мухолифин дар Панҷшер ҳамла карданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои «Толибон»* шаби сешанбе ба воҳидҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии зиддитолибон (ҶММ) дар Панҷшер ҳамла кардаанд ва кушташудагон низ ҳастанд. Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора рӯзи сешанбе, 23 август хабаргузории Aamaj News хабар додааст.
«Шаби гузашта толибон дар ноҳияи Хинҷи вилояти Панҷшер ба неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла карданд, ки дар натиҷа ҳашт нафар ҷангиёни толибон кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд», — иттилоъ додааст агентӣ. Дар ҳамин ҳол дар бораи талафоти ҶММ хабар дода нашудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои толибон ба хотири гирифтани ҷасади 20 нафар ҷангиёнашон, ки дар даргириҳои қаблӣ ҷон бохта, чанд рӯз дар майдони ҷанг дар кӯҳҳои минтақаи Хинҷ истода буданд, сурат гирифтааст.
Толибон то ҳол дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаанд.
Шиддати задухӯрд баъд аз он шурӯъ шуд, ки ҳафтаи гузашта бо фармони роҳбари олии толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода мулло Абдулқаюм Зокир фармондеҳи дастаҳои толибон дар Панҷшер ва Андароб таъйин гардид.
Роҳбари олии толибон ҳамчунин мулло Муҳаммадтайиб Ҳаққониро фармондеҳи неруҳои амниятӣ таъйин кард ва мулло Масафир фармондеҳи корпуси артиши толибон дар Панҷшер гардид.
________________
* Ташкилоти террористие, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнӯъ аст
АКС аз манбаъҳои боз








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






