Ҷудочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 4 то 7 август дар шаҳри Нур-Султон -пойтахти Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар аввал чемпионат ба нақша гирифта нашуда буд, вале пас аз он ки Бозиҳои Осиё ба таъхир афтоданд, Иттиҳоди ҷудои Осиё тасмим гирифт чорабиниро баргузор кунад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Чемпионати Осиё 180 варзишгар (104 мард, 76 зан) аз 19 кишвари қора ширкат мекунанд.
Аз Тоҷикистон 9 варзишгар: Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг, Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳруз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), — Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ширкат меварзанд.
Барномаи чемпионат:
4 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -48кг, -52кг, -57кг;
Мардон: -60кг, -66кг
5 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -63кг, -70кг;
Мардон: -73кг, -81кг
6 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -78кг, +78кг;
Мардон: -90кг, -100кг, +100кг
7 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 15:00
Рақобатҳои даставии омехта
Мавриди зикр аст, ки варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои ҷудои Осиё дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 20 медал – 2 тилло, 8 нуқра, 10 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ҳарду медали тилло ба Комроншоҳ Устопириён мансуб аст. Ӯ ҳамчунин як медали нуқра ва ду биринҷӣ дорад. Расул Боқиев 1 нуқра, 2 биринҷӣ, Парвиз Собиров 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Темур Раҳимов 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Алишер Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Арслонқулов, Сомон Маҳмадбеков яктоӣ медали нуқра, Саидаҳтам Раҳимов, Нурулло Лоиқов, Рауф Ҳукуматов, Саидҷалол Саидов яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






