Вобаста ба марги муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москва: шарҳи Сафорати Тоҷикистон

Август 9, 2022 13:37

ДУШАНБЕ, 09.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Тоҷикистон дар Русия вобаста ба марги муҳоҷири меҳнатии тоҷик ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони марҳум изҳор намуд. Тавре расонаҳо иттилоъ доданд, 7 августи соли равон ӯ ҳангоми анҷом додани корҳои таъмирӣ дар як чоҳи канализатсионӣ, воқеъ дар кӯчаи Краснодарскаяи минтақаи Люблинои шаҳри Москва бар асари боришоти зиёди борон ба ҳалокат расид.

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон барои расонидани кумакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида изҳори омодагӣ намуд.

Ҳамчунин дар иттилоия омадааст, ки қазияи мавриди назар таҳти пайгирии Сафорат қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2022 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид