Абдураҳмон Аламшозода бо кормандони Консулгарии генералии Тоҷикистон ва намояндагони ҷамъиятҳо дар Алмаато мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 сентябр муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Алмаато қарор дошт, аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин шаҳр дидан карда, бо намояндагони ҷамъиятҳо мулоқот намуд. Дар ин ба АМИТ «Ховар» дар Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, корҳои азими бунёдкориву созандагии мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
А. Аламшозода ҳамчунин кормандони Консулгарии генералиро бо ҷашни асосии кишвар – 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи созандагиву ободкорӣ, садоқат ба Ватан, инчунин гузоштани саҳми худ дар таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз барору комёбиҳо таманно намуд.
АКС: Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






