ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Душманони марзу бум ва истиқлолияту ягонагии Тоҷикистон аҳдшикану бадниятанд

Сентябрь 23, 2022 17:25

ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳодисаҳои ахири марзӣ бо Қирғизистон бори дигар исбот намуданд, ки душманони марзу бум ва истиқлолияту ягонагии Тоҷикистон аҳдшикану бадният буда, рехтани хуни мардуми бегуноҳ ба одати ҳамешагии онҳо табдил ёфтааст. Пас аз эълони оташбас ба такрор оғоз намудани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби мақомоти Қирғизистон моро ҳушдор медиҳад, ки бештар муттаҳид бошем ва барои ҳимояи хоку оби мамлакат, зану фарзанд, падару модар ва дар маҷмӯъ, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷони худро дареғ надорем», — гуфт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Шараф Алланазаров дар робита ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон.

Шараф Алланазаров иброз дошт, ки маҳз ҳимояи арзишҳои милливу инсонӣ ва фарҳангиву таърихии миллати тоҷик дар раванди ҷаҳонишавӣ бар дӯши аҳли илму маърифат, зиёиён, омӯзгорон, фаъолони матбуот ва сиёсатмадорону фарҳангшиносон вогузор шудааст. Танҳо қудрати хирад метавонад дар раванди муборизаҳои даврони ҷаҳонишавӣ бар муқобили зулму истибдоди ахлоқиву фарҳангӣ ва пешгирӣ аз буҳрони ҳувият пирӯз гардад.

Имрӯз Тоҷикистон аз раванди ҷаҳонишавии олами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки дар натиҷаи ба ҳамоии доираҳои гуногуни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дар ин замина мутамарказ гардидани тамаддунҳо ба миён меояд, дар канор нест ва ҳамарӯза таҳдиду чолишҳо ва буҳронҳои ахлоқиву инсониро бар ҷони худ эҳсос менамояд.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи шикастнопазир, ҷасорату мардонагӣ ва якрӯиву садоқати сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоди комил доранд.

«Моро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат сазовори ин боварӣ бошем ва ҳатто бар ивази ҷони худ марзу бум ва истиқлолияти Тоҷикистони азизро дифоъ кунем», — даъват ба амал овард дар фарҷом ҳамсуҳбати мо.

АСК: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2022 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш