ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. «Ҷониби қирғиз бар зидди Тоҷикистон маъракаи бесобиқаи иттилоотӣ роҳандозӣ кардааст» — муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат Содиқ Имомӣ
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир ҷониби Қирғизистон маъракаи иттилоотии бесобиқаро дар ВАО на танҳо дар минтақаи мо, балки дар хориҷ аз он низ роҳандозӣ кардааст. Дар ин бора имрӯз дар Душанбе муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ зимни нишасти хабарӣ барои намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор намуд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамсояи мо нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар гуна изҳорот дода, «риторикаи таҷовузкорона» истифода мебарад. «Агар ин маъракаро дар расонаҳо арзёбӣ намоем, онро ҳамчун ҷузъи сиёсати таҷовузкорона мебинем, ки солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти Қирғизистон ба таври ошкоро идома дорад», — иброз дошт муовини Вазири корҳои хориҷии мамлакат.
Содиқ Имомӣ зикр намуд, ки амали таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистонро нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос карда, мо, ҳамчун ҷониби зарардида, аз равандҳои воқеӣ хулоса мебарорем, кишвари таҷовузкор бошад ҳамлаи мусаллаҳонаи аҳдшиканонаро на танҳо пешакӣ тарҳрезӣ кардааст, балки ҳамаи онро мутаносибан дар ВАО пӯшиш медиҳад.
Муовини Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ зикр кард, ки то ҳол, сарфи назар аз ҳолатҳои даргириҳои қаблӣ, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша эҳтиёткор буда, инро дар расонаҳо саҳеҳ ва воқеъбинона инъикос менамояд. «Дар баробари ин, мо бо назардошти он ки қудрати ВАО бузург аст, нахостем сабаби ташаннуҷи вазъ гардем», — гуфт ӯ.


«Пояи дигаре, ки сиёсати иттилоотии мо бар он асос ёфтааст, ин аст, ки мо бо қирғизҳо асрҳо боз бо ҳам зиндагӣ мекунем. Итминон дорам, ки ин рӯзҳо низ мегузаранд ва таърих боқӣ мемонад. Дар ҳеҷ сурат мо набояд дар ҷомеа симои «душман»-ро дар тимсоли мардуми қирғиз эҷод кунем. Ин комилан қобили қабул нест. Аммо ҳамсояҳои мо тамоман баръакс амал менамоянд. Тибқи маълумоти мо, дар Бишкек ва дигар шаҳрҳои Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро аз рӯи мансубияти нажодӣ, бидуни ишора ба шаҳрвандӣ, муайян карда, нисбат ба онҳо амалҳои зӯроварии ғайриқонунӣ содир менамоянд, онҳоро лату кӯб карда, ба самти номаълум мебаранд. Ин аст натиҷаи «маъракаи иттилоотӣ»-и таҷовузкорона бар зидди Тоҷикистон», — тазаккур дод Содиқ Имомӣ.
14-18 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода кард.
Маълумоти муфассали расмӣ дар бораи амалҳои таҷовузкоронаи Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат ба тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хронологияи рӯйдодҳо дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр шудааст.
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд






