ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Раиси вилояти Суғд изҳори таслияти Пешвои миллатро ба пайвандони қурбониёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расонид

Сентябрь 20, 2022 12:27

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба наздикону пайвандони қурбониёне, ки дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ҳалок шуданд, изҳори таслият ва эҳсоси ҳамдардии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори таслият карда, ба онҳо сабри ҷамил хост», — омадааст дар иттилоияи Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бояд тазаккур дод, ки 14-17 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд.

Зимни ин амалиёт ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, инчунин ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва системаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд, ки боиси ба ҳалокат расиндани сокинони осоишта гардид.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 20, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон