БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Андешаҳои устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин маврид

Сентябрь 29, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  низоми конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданду муқаддасоти давлатӣ – Парчам ва Нишон қабул гардиданд, 30 сол пур мешавад. Дар робита  ба ин АМИТ «Ховар» андешаҳои устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро пешниҳоди хонандагони сомона мегардонад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек иброз намуд, ки «солҳои аввал амалҳои иртиҷоӣ ва хеле мураккаб монеи ташаккул ва рушди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мегардиданд. Иртиҷоитарин ва хавфноктарини онҳо моҷароҳои сиёсӣ буданд, ки дар  солҳои 90 асри гузашта ба вуҷуд омаданд. Аммо хиради олии мардуми тоҷик дар ин асно боз дастболо шуд ва падидаи бузурге зимни даъвати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст.

Амид Комилбек гуфт, ки зимни кори ин иҷлосия интихоби Сарвари давлат ва таъсис додани ҳукумати ҷадид яке аз масъалаҳои муҳим буд. Нахустин талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат нишон додани масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳисси баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти милливу бунёди давлатдории нави миллӣ буданд, ки бомаром амалӣ шуданд.

«Миллати шарафманди мо ҳаргиз хизматҳои беназири таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ёд намебарорад. Бо инобати ин ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад»,-иброз кард ӯ.

Декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ Насим Мамадсалимов тазаккур дод, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои мафиатҷӯ истиқлолияти моро халалдор намуда, аз 5 майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 зиёда аз 1880 рӯз Тоҷикистонро ба макони кашмакашҳои сиёсӣ табдил дода, ба иқтисодиёт ба андозаи 7 миллиард доллари амрикоӣ зарар расониданд. Вале хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба ин нооромиҳо хотима гузошт.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бо мақсади таъмини сулҳ ва амнияти миллӣ 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расида, мардумро ба зиндагии осоишта ва сулҳу субот баргардонид. Сулҳи бебозгашт натиҷаи тантанаи маданияти баланди мардуми сарзаминамон бо роҳбарии Сарвари хирадманду дурандеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин рӯзҳо ин байт вирди забони пиру барнои Тоҷикистони азиз гардидааст:

Шукри миллат, шукри ваҳдат, шукри истиқлоли тоҷик,
Шукри бахту ҳам саодат, шукр аз иқболи тоҷик.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Акс: ДДХ

Сентябрь 29, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд