БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Хайрободи шаҳри Турсунзода коргоҳи хурди дӯзандагӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 3, 2022 10:36

ТУРСУНЗОДА, 03.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот, ҷалби занону бонувони хонашин ба касбу ҳунаромӯзӣ ва дӯхти либосҳои миллӣ дар деҳаи Хайрободи Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода коргоҳи хурди дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Роҳбари коргоҳи дӯзандагӣ Зарина Холиқова ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД гуфт, ки «дар коргоҳ 6 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ насб гардида, дар баробари занону бонувони ҳунарманд, инчунин бонувони хоҳишманди хонанишин низ ҷиҳати омӯзиши дӯхти либосҳои миллӣ ва зардӯзиву кашидадӯзӣ ҷалб карда мешаванд».

Зимни ифтитоҳи коргоҳ муовини Раиси шаҳри Турсунзода Мусулмон Эҳсонзода изҳор намуд, ки «бунёди коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, ки албатта, ин иқдом ба ҳарчи бештару беҳтар омӯхтани ихтисосҳои муосир, ба касбҳои дӯзандагӣ ҷалб намудани занону духтарони деҳот ва дар ин замина таъмин намудани бозори меҳнат бо либосҳои миллӣ ва маҳсули дасти ҳунармандон мусоид мебошад».

Тибқи иттилои масъулини шаҳри Турсунзода, дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр аз ҳисоби соҳибкорону сокинону Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 21 иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, дар деҳаҳои Заркамар ва Янгибоғу Т.Туйчиеви Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмон 2 адад коргоҳи истеҳсоли қуттӣ ва 3 адад сардхона бо ғунҷоиши 1420 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва бинои иловагии муассисаи таълимии №114 бо 11 синфхона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Инчунин дар доираи ин ҷашни таърихӣ 2 бинои истиқоматии баландошёна, гармхона дар масоҳати 0,25 га, кӯли моҳипарварӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 5 пули одамгузар, 3 истгоҳи трансформаторӣ, озмоишгоҳ ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 3, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар Корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар ноҳияи Ховалинг иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур 10 адад нақлиёти муосир тақдим гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд