Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тадбирҳои созандагӣ ва ободонӣ амалӣ гардонида мешаванд

Сентябрь 20, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси муассисаҳои томактабии нав ва фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар доираи амалӣ намудани ин тадбир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои нави муассисаи томактабӣ ва таълимӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар деҳаи Зарнисори  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳал муассисаи нави томактабӣ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 60 кӯдак бунёд ва навсозӣ гардид. Бунёду навсозии муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои томактабӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагию ободонӣ ба ҳисоб рафта, фароҳам овардани шароити муносиб барои тарбияи кӯдакон дар рушди минбаъдаи ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Инчунин дар деҳаи Шарифободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маркази барвақтии инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд. Бинои мазкур дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 бунёд гардида, аз ду синфхона иборат аст. Марказ барои фарогирии 48 кӯдак пешбинӣ шуда, дар доираи Барномаи инкишофи кӯдак бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон аз зинаи аввали таҳсил дар рушди ҳамаҷонибаи онҳо нақши муҳим дошта, барои омодасозии насли наврас ба таҳсилоти минбаъда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти ноҳия бинои иловагии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ба истифода дода шуд. Бинои нави муассисаи таълимӣ бо саҳми сокинони маҳал бунёд гардида, аз 8 синфхона иборат мебошад. Ҳамчунин дар назди муассиса барои бунёди муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак ва майдончаи варзишӣ санги асос гузошта шуд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳи мошингарди деҳаи Зафаробод идома доранд. Роҳи мазкур дорои аҳамияти маҳаллӣ ва 4 километр масофа мебошад. Корҳои мумфаршкунӣ бо дастгирии сокинони маҳал амалӣ гардида, ба беҳтар намудани ҳолати роҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракати нақлиёт равона шудаанд. Мумфарш шудани роҳи мошингард на танҳо мушкилоти сокинони деҳаи Зафарободро бартараф менамояд, балки рафтуомади сокинони деҳаҳои ҳамсояро ба маркази ноҳия ва ноҳияи ҳамсояи Хуросон низ осон хоҳад кард.

Инчунин дар деҳаи Шаҳристони Ҷамоати деҳоти Вахшони ноҳия барои ҳифзи солимии сокинон бинои нави бунгоҳи тибби мавриди истифода қарор дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои бунгоҳи тиббӣ моҳи марти соли 2026 бо саҳми сокинони маҳал оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Барои бунёди ин иншоот дар маҷмуъ 400 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид. Бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои расонидани хизмати тиббӣ ба сокинони деҳа имконияти мусоид фароҳам меорад. Аҳолии маҳал метавонанд барои гирифтани кумаки аввалини тиббӣ аз имконияти бунгоҳи нав истифода намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 20, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд