Дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза меёбад

Сентябрь 20, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 20.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ хабар доданд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми шахсони саховатманду сокинони деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти Бобошоиёни ноҳия корҳои ободонию созандагӣ  идома доранд. Сокинони деҳаи Кадучии ин ҷамоат тасмим гирифтаанд, ки роҳи дохили деҳаро ба масофаи 300 метр ҳамвор ва асфалтпӯш намоянд. Дар корҳои ободонӣ ҷавонони деҳа саҳми бештар доранд. Роҳе, ки бунёд карда истодаанд, 7 метр паҳноӣ дорад. Ин роҳ қисмати болоии деҳаро бо қисмати поёнӣ мепайвандад ва бехатарии равуои хонадагонро ба мактаб таъмин менамояд.

Ҳамзамон дар ду паҳлуи роҳ таҷҳизоти равшанидиҳанда васл карда шудаанд. Баъди  анҷоми пурраи мумфаршкунӣ хатҳои уфуқӣ ва нишонаҳои пиёдагард кашида мешаванд. Таъмиру мумфарш гардидани роҳҳои маҳаллӣ мушкилоти сокинони деҳотро ҳангоми рафтуомад ба маркази ноҳия осон мегардонад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ

Сентябрь 20, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд