Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Бадахшон бунёди 876 иншоот ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 14.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сохтмони 876 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Ҳоло дар миқёси вилоят аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, бинои таълимии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи профессор Моёншо Назаршоев, бинои 12-ошёнаи хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ, ду блоки биноҳои истиқоматӣ ва бинои Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Роштқалъа, майдони варзишӣ барои 4000 ҷои нишаст дар ноҳияи Ишкошим, бинои кӯдакистон барои 200 нафар ва бинои комплекси хизмати маишӣ дар ноҳияи Ванҷ идома дошта, аксарашон имсол ва боқимонда соли оянда ба истифода дода мешаванд.
Айни замон дар вилоят сохтмони таваллудхонаи вилоятӣ, табобатхонаи бемориҳои сил, бунёди 20 бунгоҳи тиббӣ дар деҳот ва дигар иншоотҳои соҳаи тандурустӣ идома доранд.
Ҳамзамон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди биноҳои нави беморхонаи марказии вилоятӣ, корпуси дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8, биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ва 6 дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шуда, дар шаҳр имсол 2 километр роҳ чароғон ва 6 километри дигар мумфарш карда мешавад.


Дар маркази ноҳияи Роштқалъа лоиҳакашии сохтмони бинои Қасри фарҳанг аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳамчунин бунёди варзишгоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон соли 2023 идома меёбад.
Сохтмони бинои хонаҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон ва Боғи фарҳангиву фароғатӣ дар ноҳияи Ванҷ аз ибтидои соли оянда оғоз мегардад. Дар ноҳияи Дарвоз аз ин ҳисоб сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва толори варзишӣ дар деҳоти «Сағирдашт» мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






