Дар арафаи таҷлили Рӯзи истиқлолияти давлатӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор нафар ниёзмандон кумакҳои пулию моддӣ расониданд

Сентябрь 3, 2022 12:59

ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо намудани маблағ ба имзо расида, тибқи он дар маҷмӯъ ба 5 ҳазор нафар ниёзмандон, аз ҷумла иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, инчунин кормандони муассисаҳои роҳсозии шаҳри Душанбе кумакҳои пулию моддӣ расонида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳамчунин дар асоси ин қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиклолияти давлатӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.

Ёдовар мешавем, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳраманд мегарданд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 3, 2022 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд