Дар деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Рӯдакӣ бунгоҳи тиббии муосир сохта шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Рӯдакӣ бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин муассисаи тиббӣ аз 7 ҳуҷра, аз қабили утоқи қабул, хатна, эмгузаронӣ, тибби оилавӣ ва ғайра иборат буда, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросими ба истифода додани ин бунгоҳи тиббӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур иштирок намуданд. Дар рўзи кушодашавии бунгоҳи тиббии мазкур ба 20 нафар кӯдакон амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 8 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 5 бинои дигар аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. То охири сол дар ноҳия 3 муассисаи тандурустӣ низ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






