Дар деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Рӯдакӣ бунгоҳи тиббии муосир сохта шуд

Сентябрь 29, 2022 09:25

ДУШАНБЕ, 29.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ҳасанободи ноҳияи  Рӯдакӣ бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин муассисаи  тиббӣ аз 7 ҳуҷра, аз қабили утоқи  қабул, хатна, эмгузаронӣ, тибби оилавӣ ва ғайра иборат буда,  бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида  шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ба истифода додани ин бунгоҳи тиббӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур иштирок намуданд. Дар рўзи кушодашавии бунгоҳи тиббии мазкур ба 20 нафар кӯдакон амалиёти хатнаи ройгон гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки  соли равон  дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 8 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 5 бинои  дигар аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. То охири сол дар ноҳия 3 муассисаи тандурустӣ низ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

 Акс: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2022 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд