Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон баргузор шуданд

Сентябрь 21, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар шаҳри Душанбе бар асоси Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои хориҷӣ баргузор шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо масоили рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Арманистон муҳокима намуданд.

Табодули афкор роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар ҷаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва инчунин масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 21, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад