ДАР НАЗДИ САФОРАТИ РУСИЯ ДАР КОБУЛ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ РУХ ДОД. Беш аз 20 нафар кушта ва захмӣ шуданд, миёни қурбониён ду дипломати рус низ ҳастанд

Сентябрь 5, 2022 16:47

ДУШАНБЕ, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар назди Сафорати Русия дар Кобул ҳамлаи террористӣ рух дод. Дар натиҷаи ҳамлаи террористи маргталаб на кам аз 25 нафар кушта ва захмӣ шуданд, хабар медиҳад «Al Jazeera».

Тавре ТАСС бо истинод ба иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад, миёни қурбониён ду корманди сафорати Русия низ ҳастанд.

«5 сентябр, соати 10:50 ба вақти Кобул, дар наздикии даромадгоҳи шуъбаи консулгарии сафорати Русия дар Кобул ҷангҷӯи номаълум маводи тарканда ба кор даровард. Бар асари ҳамла ду корманди намояндагии дипломатӣ кушта шуданд ва миёни қурбониён шаҳрвандони Афғонистон низ ҳастанд», — хабар доданд дар Вазорати корҳои хориҷии Русия.

«Бешубҳа, сухан дар бораи амали террористӣ меравад, — гуфт котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон. — Мо чунин амали террористиро шадидан маҳкум мекунем».

Вазорати корҳои хориҷии Русия афзуд, ки Сафорати Русия бо хадамоти махсуси Афғонистон дар иртиботи зич қарор дорад ва дар робита ба ин ҳодиса онҳо таҳқиқ мебаранд.

Тавре «Al Arabiya» гузориш дод, ба иттилои Мавлавӣ Собир, сардори полиси минтақае, ки ин ҳодиса ба амал омад, «неруҳои амниятӣ ҷангии маргталабро қабл аз расидан ба ҳадафаш муайян ва безарар карданд».

Шабакаи телевизионии Қатар «Al Jazeera» бо истинод ба манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон хабар дод, ки на кам аз 8 нафар кушта ва дастикам 15 каси дигар захмӣ шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 5, 2022 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд