ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Музди меҳнати омӯзгорони ДБССТ, ки ба забонҳои хориҷӣ дарс медиҳанд, аз 30 то 100 фоиз зиёд мегардад

Сентябрь 3, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон /ДБССТ/ музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони англисӣ дарс мегӯянд, 100 фоиз ва музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони русӣ дарс медиҳанд, аз 30 то 50 фоиз баланд бардошта мешавад. Тасмими мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, татбиқи ҳадафҳои дар назди роҳбарияти донишгоҳ гузошта, дастгирии омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии онҳо дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳ гирифта шудааст.

Дар оғози соли нави таҳсили 2022-2023 хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Убайдулло АСРОРЗОДА доир ба омодагии донишгоҳ ба соли нави таҳсил мусоҳиба анҷом дод, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагони арҷманд менамоем.

АМИТ «Ховар»: Имсол донишгоҳ сазовори мақоми байналмилалӣ гардид. Лутфан бигӯед, ки мақоми байналмилалӣ касб намудани ин муассисаи олии мамлакат дар рушди минбаъдаи фаъолияти донишгоҳ чӣ нақш мегузорад?

У. Асрорзода: Барои ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ соли равон басо соли хотирмон мебошад, зеро бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти фароҳам гардидани пойгоҳи муосири таълимӣ 27 январи соли 2022 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба донишгоҳ мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» номгузорӣ гардид. ДБССТ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун узви Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯи самти технологияҳои иттилоотӣ, узви Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ, узви барномаҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё ва дигар ташкилоту созмонҳо мебошад.

АМИТ «Ховар»: Ҷиҳати тақвияти пойгоҳи моддию техникии ДБССТ кадом корҳо анҷом дода шудаанд?

У. Асрорзода: Зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва иқтидори илмии донишгоҳ батадриҷ тақвият ёфта, барои таълиму тарбияи мутахассисон тамоми шароити муосир фароҳам оварда шуд. Мояи хушнудӣ ва ифтихори кулли омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ аст, ки 1 сентябри соли 2021 ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба донишгоҳ сурат гирифта, 2 бинои нави таълимӣ ба истифода дода, санги асос барои сохтмони биноҳои дигари маҷмааи таълимӣ гузошта шуд. Ифтитоҳи биноҳои наву замонавӣ боис шуд, ки дар Донишгоҳ 9 лабораторияи таълимӣ, китобхонаи илмӣ-электронии муосир, толори маҷлисгоҳ барои 600 нафар, инчунин 37 синфхона ва 22 утоқи корӣ ташкил гарданд. Дар натиҷа шумораи ҷойҳои нишаст дар донишгоҳ ба 7557 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3061 адад зиёд мебошад.

АМИТ «Ховар»: Донишгоҳ дар омода намудани мутахассисони варзида барои рушди соҳаҳои иқтисодии мамлакат чӣ нақш дорад?

У. Асрорзода: Имрӯз ДБССТ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат, назири фаъолияти соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, саёҳат, меҳмондорӣ, идоракунӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра мутахассис тайёр намуда, ба яке аз муассисаҳои таълимии олии бисёрсоҳаи пешбар табдил ёфтааст. Донишгоҳ дар кори омода намудани мутахассиони ҳирфаӣ барои рушди иқтисодиёти миллии кишварамон аз ҷойгоҳи намоён бархӯрдор аст.

АМИТ «Ховар»: Соли равон ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардид?

У. Асрорзода: Яке аз комёбиҳои бузурге, ки дар ин давра ба даст омад, дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси факултети муштарак миёни ДБССТ ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Русия мебошад. Дар соли таҳсили 2021-2022 қабули довталабон ба факултети муштарак ба роҳ монда шуда, тибқи созишнома муҳассилин ду сол дар Тоҷикистон ва ду сол дар Русия таҳсил менамоянд. Донишгоҳ дар тӯли фаъолияти худ шаш маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ буданашро дар амал собит намуд ва то имрӯз барои пешбурди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар беш аз 12000 нафар мутахассиси баландихтисос омода намудааст.

Донишгоҳ дар самти фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, бунёдкорию созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Дар ин давра се ихтисос аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, донишгоҳ сазовори Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид.

АМИТ «Ховар»: Бо донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондаед?

У. Асрорзода: Раёсати Донишгоҳ танҳо соли таҳсили 2021-2022 бо 46 донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки аз онҳо 36 шартнома барои ҳамкорӣ буда, 10 шартнома маҳз ба табодули донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон равона шудааст, ки яке аз онҳо шартнома бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия мебошад. Теъдоди шартномаҳои ҳамкорӣ бо шарикон ҳамасола афзоиш ёфта, беш аз 100 ададро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Таҳсил дар донишгоҳ бо кадом забонҳо ба роҳ монда шуда, барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

У. Асрорзода: Ҳоло таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, инчунин гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони англисӣ аз рӯи ихтисосҳои «Иқтисодиёти ҷаҳон» ва «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ» ташкил шудаанд. Дар робита ба афзоишу густариши робита бо кишварҳои хориҷӣ ва зиёд шудани теъдоди муҳассилини хориҷии донишгоҳ дар Маркази забономӯзии донишгоҳ курси омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин устодону донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ ба курсҳои забономӯзӣ,такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар ҷалб мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Оё баъди мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани донишгоҳ хатмкунандагон имкони аз рӯи ихтисос дар кишварҳои хориҷӣ кор кардан доранд?

У. Асрорзода: Воқеан, фаъолияти ҳар мутахассис дар бозори меҳнати ватанӣ ва хориҷӣ ба малакаву маҳорат ва салоҳиятнокии касбии ӯ вобаста аст. Албатта, тавре болотар ёдовар гардидем, теъдоди муайяни барномаҳои таҳсилии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шудаанд. Соҳиб гардидани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ имкон фароҳам месозад, ки хатмкунандагони донишгоҳ дар хориҷи кишвар низ фаъолият намоянд.

АМИТ «Ховар: Донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок менамоянд?

У. Асрорзода: Донишҷӯёни донишгоҳ иштирокчии фаъоли озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ватанӣ мебошанд. Яке аз натиҷаҳои назаррасе, ки тайи моҳи сипаришуда ба даст омад, ғолибияти 7 нафар донишҷӯ дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Қазони Русия аз рӯи чор номина мебошад. Донишҷӯён сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд. Инчунин 3 нафар донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишгоҳ дар Олимпиадаи умумирусиягӣ доир ба сервис, сайёҳӣ ва фаъолияти меҳмонхонавӣ аз рӯйи равияҳои «Менеҷмент дар саноати сайёҳӣ ва меҳмондорӣ» ва «Сайёҳӣ» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 2 ва 3 гардиданд.

АМИТ «Ховар»: Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омода сохтани мутахассисони ҳирфаӣ дар донишгоҳ кадом нақшаҳо амалӣ гардонида мешаванд?

У. Асрорзода: Дар ДБССТ Нақшаи стратегии рушд барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст. Тибқи он, раёсати донишгоҳ амалисозии ҳадафу вазифаҳо- мукаммалсозии сохтор ва барномаҳои таҳсилӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ, муайянсозии самтҳои нави омодасозии кадрҳо, рушди фазои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои мукаммалсозии маҳорати касбии омӯзгорон, таъмини сатҳи баланди хизматрасониҳои иттилоотӣ дар мувофиқа бо талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат, беҳсозии пойгоҳи моддӣ-техникӣ, фароҳамсозии низоми маҷмӯии дастгирии иттилоотӣ-иртиботии раванди таълимро таҳррезӣ намудааст. Дар доираи ин стратегия рушди иқтидори кадрӣ ва илмӣ, ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба фаъолияти инноватсионӣ, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳо, ширкат дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, амалисозии барномаҳои таҳсилотии муштарак бо шарикони хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳайати устодони донишгоҳ дар соли нави таҳсили 2022-2023 бо истифода аз таҷрибаву малакаи илмиву амалии худ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва рушди соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки пешрафти миллату давлат мебошад, камар баста, сайъ менамоянд дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва боло бурдани нуфузи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар саҳми назаррас гузоранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ 30 нафар омӯзгор соҳиби Сертификати замини наздиҳавлигӣ гардиданд
Дар Остона Анҷумани 7-уми омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
БЕ МУАЛЛИМ БОСАФО КОШОНАИ МИЛЛАТ НАШУД. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад
ЗАМИНУ ОСМОНИ МАН, МУАЛЛИМ! 2 октябр дар Тоҷикистон Рўзи омӯзгор таҷлил мегардад
«МУАЛЛИМӢ- МУҚАДДАСТАРИН ПЕШАИ РӮЙИ ОЛАМ». Дар вилояти Хатлон Рӯзи омӯзгор таҷлил гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
ТАФСИРИ ВОЖАИ «ТОҶИК» АЗ НИГОҲИ МАВЛОНО. Ба Рӯзи ёдбуди Ҷалолиддини Балхӣ бахшида мешавад
Дар Бадахшон дар арафаи ҷашни Рӯзи омӯзгор ғолибони озмуни «Муаллими сол» муайян шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ МАВЛОНО. Мақоми ақл ва илму дониш дар таълимоти ин нобиғаи Машриқзамин хеле баланд аст
БА ШАРАФИ РӮЗИ ОМӮЗГОР. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе собиқадорони соҳа қадрдонӣ шуданд
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мулоқот баргузор гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Зодаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷоизаву диплом гардид