Дар шаҳри Бӯстон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд
СУҒД, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр дар маҳаллаи Ғалабаи шаҳри Бӯстон ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум ва кишоварзӣ баргузор шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ дар маркази матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинони шаҳр, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи мавриди ниёзи аввал ташкил гардид.
Дар ин рӯз аз ҷониби корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ «Хубҷамъинвест» ба миқдори 3 тонна орд, аз ҷониби корхонаи истеҳсоли гӯшти ҶДММ «Суғдсаноатпаранда» 500 кг гӯшти мурғ ва аз ҷониби корхонаҳои Ҷамоати шаҳраки Палос ба миқдори 3 ҳазор дона тухм бо нархҳои дастрас пешкаши сокинони шаҳр гардонида шуданд.
Дар ярмарка кишоварзону соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Бӯстон, Деваштич, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг, тарбуз, харбуза, гӯшт ва дигар маҳсулотро пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон гардониданд.
АКС: маркази матбуоти Раиси шаҳри Бӯстон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






