Дастаи «Ориёнбонк» ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба футзал гардид

Сентябрь 2, 2022 13:17

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи мазкур 12 даста ширкат карданд, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ карданд. Сипас ҳашт даста ба чорякфинал роҳ ёфт. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ сурат гирифтанд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаҳои футзали «Вавилон» ва «Соро компания-2» бо ҳам вохӯрданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ- 3:3 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бахт ба рӯйи футзалбозони дастаи «Соро компания-2» хандид ва бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ футзалбозони «Ориёнбонк» ва «Рахш-Такси» бо ҳам вохӯрданд. Дар ин рақобат кормандони бонк бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба карданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, муовини аввали Раиси ҶСК «Ориёнбонк» Шуҳрат Исматуллоев ва Директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок намуданд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи Ҷоми ФФТ Сироҷиддин Ҳусейнов («Ориёнбонк») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ибод Назиров («Ориёнбонк») беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид. Беҳтарин бозингар дар ҳайати дастаи «Рахш-Такси» Орзу Додхудоев эътироф шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2022 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд