ДУШАНБЕ — ДАР ҚАТОРИ ДӮСТОШТАТАРИН МАКОНҲО БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ РУСИЯ! Фурудгоҳи Внуковои Москва маъмултарин самтҳои сайёҳӣ дар мавсими тобистонро номбар кард

Сентябрь 3, 2022 15:19

ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи бузурги Москва — Внуково маъмултарин самтҳои сайёҳӣ дар мавсими тобистонро номбар кард. Хатсайри Москва-Душанбе тобистони соли 2022 дар фурудгоҳи Внуково ба қатори панҷгонаи маъмултарин самтҳои байналмилалӣ шомил шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба агентии хабарҳои шаҳрии «Москва».

Ҳамин тариқ, парвозҳо аз фурудгоҳи Внуково ба Душанбе, Анталия, Ереван, Истанбул ва Дубай дар мавсими тобистон самтҳои маъмултарини хориҷӣ гардиданд.

Агентии хабарҳои шаҳрии «Москва» хатсайри SZ 334 «Москва-Душанбе»-ро, ки тавассути ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад ва хатсайри UT 803 «Москва-Душанбе»-ро, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Русия «ЮТэйр» амалӣ мегардад, дар назар дорад.

Дар навбати худ, ба рӯйхати самтҳои маъмултарин дар дохили Русия Санкт-Петербург, Сочи, Махачқалъа, Калининград ва Минеральные Воды дохил мешаванд.

АКС аз манобеи боз

Сентябрь 3, 2022 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд