ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои низомии Ҷумҳурии Қирғизистон шарту талаботҳои оташбаси эълоншударо нодида гирифта, 17 сентябри соли 2022, соати 11:50 аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 4 сокини деҳаи мазкур захмдор шуда, 3 манзили истиқоматӣ хароб гардиданд.
Соати 14:30-и ҳамин рӯз вохӯрии намояндагони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баргузор гардида, тарафҳо оиди оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд.
«Аммо соати 17:20 ва такроран соати 18:10, сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд», — омадааст дар иттилоия.
Соати 19:00-и бегоҳ ду ҷониб оид ба оташбаси навбатӣ ба созиш расиданд.
Аммо вазъият дар хати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи мазкур мураккаб боқӣ мемонад.
АКС аз бойгонӣ








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






