ФУТБОЛ. Дар Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» оғоз меёбад

Сентябрь 14, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад, ки дар он дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур барои роҳхатҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё миёни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар остонаи оғози марҳилаи интихобӣ 13 сентябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ ва нуктаҳои низомнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, ранги либосҳои дастаҳои иштирокчӣ тасдиқ карда шуданд.

Имрӯз, 14 сентябр дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бозии якуми худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Сингапур барпо менамояд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор ва соати 20:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.

Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «I»

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

Даври 1

14 сентябр (чоршанбе)

17:00 – Камбоҷа – Лубнон

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Сингапур

Даври 2

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН

 Даври 3

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа

P.S. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад