ФУТБОЛ. То марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) 8 рӯз боқӣ монд
ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур барои роҳхатҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё мубориза мебаранд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии якуми худро дар ин мусобиқа 14 сентябр бо дастаи Сингапур анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I»
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.
Даври 1
14 сентябр (чоршанбе)
17:00 – Камбоҷа – Лубнон
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Сингапур
Даври 2
16 сентябр (ҷумъа)
17:00 – Сингапур – Камбоҷа
20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
18 сентябр (якшанбе)
17:00 – Лубнон – Сингапур
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа
Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Акс: ФФТ








Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад






