Гурез Сафар бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд

Сентябрь 2, 2022 16:17

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гурез Сафар ба ифтихори 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода имрӯз мукофоти мазкурро ба адиб, ки дар бистари беморист, тақдим намуда, иброз дошт, ки «дар арафаи солгарди ин иди фархунда бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё нишони қадршиносии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин табақаи ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат, саҳми эҷодкорон дар рушду равнақи забон, фарҳанг ва тарбияи аҳли ҷомеа назаррас аст».

Ёдовар мешавем, ки 25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

МАЪЛУМОТИ АМИТ «Ховар»

Гурез Сафар 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб дар хонадони шоир Ашӯр Сафар таваллуд шудааст. Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ба ҳайси мусаҳҳеҳи калон, муҳаррир, муҳаррири пешбар ва мудири шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти «Адиб», муовин ва Директори Муассисаи нашриявии «Адиб» фаъолият намудааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Инчунин бо унвонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон, медали «Хизмати шоиста» ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода сарфароз гардидааст.

Ашъори мавсуф бо равониву мушоҳидаи тоза дар мавзӯъҳои гуногун эҷод шудаанд, ки дилнишину хонданибоб мебошанд. Дар эҷоди ашъори ҳаҷвӣ низ шоир сабки хос дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд. Ғайр аз ин, ӯ бо шеъру ҳикояҳо низ миёни хонандагон маҳбуб аст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Ариза ба номи янга», «Аз дидаву шунида», «Нози ҳавас», «Ҷавобак», «Чашми сиёта садқа», «Лутфи Ашӯр Сафар», «Садбарги тар», «Равзани роз», «Шамъи саодат», «Ҳамарш, ҳамфарш», «Лутфи Муҳтарам», «Сетори ҳамнаво», «Нахли меҳр», «Дидаи дард» мебошад.

Афсонаи «Чашмаи сеҳрнок»-аш баъди ғолиби озмун гардидан дар Ҷумҳурии Корея дар шакли китоби ранга ба забонҳои кореягӣ, русӣ ва англисӣ (ҳар кадом бо теъдоди 3000 — нусхагӣ) аз чоп баромадааст. Ҳамчунин маҷмӯаи «Лутфи Ашӯр Сафар», ки лутфу зарофатҳои Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафарро дар бар гирифта, соли равон тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 5000 нусха аз чоп баромад, миёни хонандагон маҳбубияти хосса дорад.

Сентябрь 2, 2022 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид