ХАБАРИ УМЕДВОРКУНАНДА! Раиси КДАМ ҶТ гуфт, ки дар сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад

Сентябрь 20, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов дирӯз, 19 сентябр пас аз мулоқот ва имзои протокол бо ҷониби Қирғизистон изҳори итминон намуд, ки  дар сарҳадҳои давлатии ҳарду кишвар сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Мо ба созиши умумӣ расидем ва Протокол ба имзо расонидем, — гуфт ӯ дар изҳороти худ. — Итминон дорем, ки дар сарҳадҳои давлатии мо сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад».

Дар идома Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо дар рӯҳияи манфиатҳои ду халқи бародар фаъолият ба роҳ монда мешавад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 19 сентябри соли 2022 дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, риояи ҳатмии оташбасро таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хосса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.

Аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар 19 сентябри соли 2022 ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид