Имрӯз дар Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо оғоз мешавад

Сентябрь 19, 2022 11:04

ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​ Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз ёфта, то 20 сентябр идома меёбад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз рӯи 5 категорияи вазнӣ миёни мардон: -66кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг, инчунин дар ду вазн миёни занон: 57кг ва -63 кг баргузор мегардад.

Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои хориҷӣ даъват шудаанд. Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар ҳар вазн ҷоизаҳои молӣ супурда мешаванд. Ба ғолиби ҷойи аввал 40 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20 000 сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 10 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Соли гузашта дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Душанбе барпо шуд, дар вазни 66 кг — Дилшодбек Юлдошев (Узбекистон), дар вазни 81 кг — Умар Расулов (Тоҷикистон), дар вазни 90 кг — Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон) ва дар вазни +100 кг Темур Раҳимов (Тоҷикистон) ғолиб омада буданд.

Мавриди ёдоварист, ки Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо бори аввал соли 2013 дар ду вазн (-81кг, вазни мутлақ +90кг) ва солҳои 2014, 2015, 2016, 2017 дар вазни мутлақ доир гардида буд. Солҳои 2018, 2019 ва 2021 рақобатҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо аз рӯи 7 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд.

Соли 2020 мусобиқа бо сабаби пандемияи коронавирус баргузор нашуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 19, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад