«IRS»: Роҳи самти Айнӣ — Кӯҳистони Мастчоҳ ба дарозии 3958 метри мураббаъ таъмири куллӣ гардид

Сентябрь 11, 2022 09:54

ДУШАНБЕ, 11.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 496,4 тонна асафалти хушсифат 3958 метри мураббаъ роҳи самти Айнӣ  — Кӯҳистони Мастчоҳ таъмири куллӣ гардид, ки ин иқдом берун аз уҳдадориҳои ширкат аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ширкати мазкур хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳру навоҳие, ки роҳи Душанбе-Чаноқ аз онҳо мегузарад, барои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Ҳарчанд он ба уҳдадориҳои «IRS» ворид нест, вале кормандон ва техникаҳои пуриқтидору махсусгардонидашудаи он  мунтазам дар рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ, бунёди иншооти гуногун ва таъмири роҳҳои маҳаллӣ мусоидат менамоянд.

Ин иқдом дар заминаи равобити судманд бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои масири роҳи Душанбе-Чаноқ амалӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст.

Дар заминаи  таъмири куллӣ дар ин роҳ асфалти осебдида пурра бартараф шуда, бо риояи муқаррароти бахши роҳсозӣ асфалти нав хобонида шуд.

АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»

Сентябрь 11, 2022 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар вилояти Хатлон беш аз 900 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод якчанд иншооти соҳаи маорифро фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Тоҷикобод вохӯрӣ баргузор шуд