Истиқлолияти давлатӣ дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва меҳмонон аз Узбекистон таҷлил шуд

Сентябрь 8, 2022 13:13

ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 31-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Раиси шаҳр Қосим Роҳбар, вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода, Файзулло Баротзода, инчунин роҳбари ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон — ҳокими ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё Баҳром Турсунов маҷлиси танатанавӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳри Ҳисорро табрик гуфта, дастовардҳоеро, ки сокинони кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба даст овардаанд, беназир хонд. Ҳамчунин аз рисолати таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки имсол халқи тоҷик 30-солагии онро таҷлил менамояд, ёдовар шуда, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмор ва ташаккули сохти давлатдории навини тоҷикон, ҳалли мубрамтарин масъалаҳои глобалии сайёра, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа махсус таъкид карда, Истиқлолияти давлатии миллати моро рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ҷодаи амалӣ гардидани ормонҳои беш аз ҳазорсолаамон номид.

Зикр шуд, ки хатарҳои афзояндаи ҷаҳон ва минтақа, бархӯрди абарқудратон, ҳодисаҳои пешгӯинашавандаи пуртазоду нобасомони ҷаҳони муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти марзу буми Ватани аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бояд дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳар вақти дигар муттаҳид шуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири бунёди давлати воқеан ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи пешрафта сафарбар намоем.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Файзулло Баротзода, Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва ҳокими ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон Баҳром Турсунов сокинони шаҳри Ҳисорро бо ин санаи таърихӣ шодбош гуфта, Истиқлолияти давлатиро муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор аз номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллат арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки сиёсате, ки Роҳбари давлати мо пеш гирифтааст, миллати моро ба ояндаи неку дурахшон умедвор сохта, ба мо имконияти таърихие фароҳам овардааст, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонида, зиндагии осоиштаи мардумро таъмин намоем.

Намояндаи Узбекистон аз дӯстии ду миллат ёдовар шуда афзуд, ки ин рисолатро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҳким бахшида, бори дигар собит сохтанд, ки дӯстию рафоқати ин ду халқ аз ҳазорсолаҳо маншаъ мегирад.

Сипас дар фазои тантанавӣ як зумра фаъолони ҷомеа, ки дар тарғибу таҳкими ғояҳои соҳибистиқлолӣ саҳми муносиб гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд. Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки сарояндагони маъруфи кишвар ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ба ҳамоиши идона шаҳомати хосса бахшид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Сентябрь 8, 2022 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад