«KING’S CUP 2022». Имрӯз мунтахабҳои Тоҷикистон ва Малайзия дар финали мусобиқа рақобат мекунанд

Сентябрь 25, 2022 10:18

ДУШАНБЕ, 25.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 сентябр дар  финали 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Таиланд дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва  Малайзия барои дарёфти ҷом рақобат мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозӣ дар шаҳри Чианг Майи Тайланд дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» соати 18:30 бо вақти Душанбе доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бар Тринидад ва Тобаго бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Голҳои Муҳаммадҷон Раҳимов ва Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мо пирӯзӣ оварданд.

48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»

1/2 ниҳоӣ

Тринидад ва Тобаго – ТОҶИКИСТОН – 1:2

Голҳо: Яҳудо Гарсия, 27 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 47 (1:1). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (1:2).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (Комрон Турсунов, 73), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 84), Шервонӣ Мабатшоев (Сиёвуш Асроров, 4), Нуриддин Ҳамроқулов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 73).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).

22 сентябр. Чианг Май, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai». 7288 тамошобин.

Бозӣ барои ҷой сеюм

25 сентябр (якшанбе)

Оғоз — 15:30 бо вақти Душанбе

Таиланд – Тринидад и Тобаго

 Финал

25 сентябр (якшанбе)

Оғоз — 18:30 бо вақти Душанбе

Малайзия – ТОҶИКИСТОН

Акс: ФФТ

Сентябрь 25, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад