«KING’S CUP 2022». Имрӯз мунтахабҳои Тоҷикистон ва Малайзия дар финали мусобиқа рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 25.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 сентябр дар финали 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Таиланд дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Малайзия барои дарёфти ҷом рақобат мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозӣ дар шаҳри Чианг Майи Тайланд дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» соати 18:30 бо вақти Душанбе доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бар Тринидад ва Тобаго бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Голҳои Муҳаммадҷон Раҳимов ва Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мо пирӯзӣ оварданд.
48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»
1/2 ниҳоӣ
Тринидад ва Тобаго – ТОҶИКИСТОН – 1:2
Голҳо: Яҳудо Гарсия, 27 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 47 (1:1). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (1:2).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (Комрон Турсунов, 73), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 84), Шервонӣ Мабатшоев (Сиёвуш Асроров, 4), Нуриддин Ҳамроқулов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 73).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).
22 сентябр. Чианг Май, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai». 7288 тамошобин.
Бозӣ барои ҷой сеюм
25 сентябр (якшанбе)
Оғоз — 15:30 бо вақти Душанбе
Таиланд – Тринидад и Тобаго
Финал
25 сентябр (якшанбе)
Оғоз — 18:30 бо вақти Душанбе
Малайзия – ТОҶИКИСТОН
Акс: ФФТ








Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид






