«МЕССИИ ХУРД». Чунин ном мебаранд як мухлиси 6-солаи футболро дар ноҳияи Восеъ
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе дар бораи Муҳаммадҷон Ҳакимови 6-сола (ДАР АКС), як мухлиси хурди Муҳаммад Салоҳ, бозингари маъруфи дастаи футболи Ливерпул ва тими мунтахаби Миср пайдо шуд.
Муҳаммадҷон мегӯяд, ки аз дусолагӣ ба бозӣ бо тӯб шурӯъ кардааст. Аввал дар саҳни ҳавлӣ тӯббозӣ мекард, баъд дар майдони варзишии назди хона ва ҳоло ба майдон меравад. Ва бо калонсолон бозӣ мекунад.
Падараш, дарвозабони дастаи футболи «Ҳулбук» Асламшо Ҳакимов писарбачаро ба сексияи футбол овард.
«Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки писарам футбол бозӣ мекунад, гарчанде ки ман ӯро ҳамеша бо худ ба бозиҳои футбол мебурдам. Сипас оҳиста-оҳиста ҳаваси ӯро ба ин бозӣ дида, ман қарор кардам: азбаски кӯдак худаш ин корро кардан мехоҳад, бигзор вай футболбоз шавад», -мегӯяд ӯ.
Дар ноҳияи Восеъ, ки Муҳаммадҷон Ҳакимов ҳамроҳи волидонаш зиндагӣ мекунад, ӯро «Мессии хурдакак» мегӯянд. «Чунки ӯ мисли Лионел Месси асосан дар канори рост бозӣ мекунад ва бо пои чап зарба мезанад, дриблингҳои бозингари машҳури аргентиниро машҳурро истифода мекунад», — шарҳ медиҳад мураббии ӯ Шӯҳрат Раҳмонов.Воқеан, Муҳаммадҷони хурдсол мухлиси ашаддии Муҳаммад Салоҳ, бозингари мисрии дастаи футболи «Ливерпул»-и Англия аст. Аз ин рӯ ӯ футболкаи таҳти рақами 11 мепӯшад, на 10.
Намояндагони дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аз муваффақияти Муҳаммадҷон бохабар шуда, ба хонаи Ҳакимовҳо омаданд. Онҳо ба волидон ваъда доданд, ки Муҳаммадҷонро ба Академияи футбол мефиристанд.
Навори видеоие, ки дар бораи Муҳаммадҷон Ҳакимов дар интернет нашр шудааст, саргузашти як мухлиси дигари кӯчаки Месси аз Афғонистон Муртазо Аҳмади 6-соларо ба ёд меорад. Ӯ низ пас аз пайдо шудан бо акси дар танаш футболкаи Лионел Месси аз халтаи полиэтиленӣ дар интернет ҳангома ба по кард. Акси ин кӯдакро кумитаи тадорукоти Ҷоми ҷаҳонии «Қатар-2022» дар Твиттер нашр кардааст. Дар натиҷа, писари афғон бо тимсоли орзуҳояш- Лионел Месси вохӯрд. Ситораи футбол ба Муртазо тӯби футбол ва ду футболкаро бо дстнависи худ худ: «Бо муҳаббати зиёд, Лео» тақдим кард.
Ё худ ба ёд оред, ки писарчаи хурдсол аз Эрон Арат Ҳусейниро, ки чанде қабл дар хона ҳунари футболбозии худро зимни як навори видеоӣ ба намоиш гузошта, корбарони интернетро мафтун сохт…
…Роҳи касбу ҳунар аз бачагӣ кушода мешавад. Ҳамон Месси, Криштиану Роналду, Неймар ва дигар ситораҳои футбол роҳи худро ба сӯи қуллаҳо аз кӯдакӣ оғоз кардаанд. Валерий Турсунови машҳури мо, ки дар омади гап, фаъолияти футболбозии худро дар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб оғоз кардааст, низ дар кӯдакӣ дар ҳавлӣ бозӣ мекард, баъдан дар мусобиқаи наврасон бо номи «Тӯби чармӣ»…
Дар дили кӯдак меҳру муҳаббатро нисбат ба ягон касб бедор кардан комилан мумкин аст, чизи асосӣ он аст, ки бача ба ин касб бояд шавқу ҳавас дошта бошад! Ва барои шакӣ кӯдакро бедор кардан мо калонсолон низ бояд кӯшиш ба кор барем.
Зимнан, ҳадафи асосии «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст, инчунин «Барномаи махсуси Президенти ФФТ оид ба рушди футболи деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» тарғиби футбол дар кишвар, ҷалби шумораи зиёди аҳолӣ ба футбол ва ошкор намудани истеъдодҳои нав миёни кӯдакону наврасон мебошад.
Саид АЛӢ,
Меҳрони ҚУРБОН
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»






