МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мулоқот баргузор гардид

Сентябрь 28, 2022 10:41

ДУШАНБЕ, 28.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯён доир ба муқовимат ба терроризму экстремизм мулоқот доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки имрӯз ҷомеаро зарур аст  тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, ки ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шаванд.

Вохӯрии мазкур ҷиҳати иҷрои Нақшаи амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ намояндагон доир ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик суҳбат намуданд.

Зикр шуд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ ҳизбу созмонҳое пайдо шуданд, ки фаъолияти онҳо дар асл ба ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар намудани сохти ҷамъиятӣ равона шуда буд. Онҳо чанд муддат тавонистанд ҷумҳуриро ба маҳалҳо ҷудо намуда, бо таҳдиду зӯроварӣ ва мардумфиребӣ ба силоҳнок намудани гурӯҳҳои алоҳида машғул шаванд. Дар натиҷа оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада, дар ҷараёни он шумораи зиёди мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расид ва ба сокинони мамлакат хисороти зиёд расонида шуд.

Маҳз бо талошҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусу иқдомҳои дурандешона ва сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин раванди пурфоҷиа ва фалокатбор гирифта шуд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намоем.

Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки «мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ саҳм гузорем». Инчунин ба маданияти истифодаи интернет таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар мавриди пайваст шудан ба интернет бояд аз мутолиа, тамошо ва паҳн намудани мақола ва наворҳои аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» баргузор мегардад.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Сентябрь 28, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Чин Созишнома дар бораи воридшавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим ба имзо расид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Киҳо метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд?
Масъалаи ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷопон баррасӣ шуд
Дар деҳаи Шодмонқалъаи шаҳри Ваҳдат бинои нави муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе даври якуми озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» доир шуд
Хонандагони шаҳри Ҳисор ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шуданд
«УФУҚҲОИ НАВ ДАР ИЛМ, ТАҲСИЛ ВА АМАЛИЯИ ТИББӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсия доир шуд
Вобаста ба масъалаҳои муосири саноати мошинсозӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои муътадил гузаронидани зимистон чӣ гуна омодагӣ дидаанд?
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
«БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ». Таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони пойтахт озмун оғоз гардид