ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ДЗЮДО. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медалҳои тилло шуданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар рӯзи якуми мусобиқаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд рақобатҳо аз рӯи чаҳор вазн сурат гирифтанд. Дар вазнҳои -57 кг ва — 63 кг бонувон ва дар вазни -66 кг ва -81 кг мардон барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ миёни ҳам сабқат карданд, хабар додааст шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Дар рӯзи якуми Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо 31 нафар варзишгар дар вазни то 66 килограмм барои ба даст овардани медалҳои фахрӣ миёни ҳам мубориза бурданд. Медали тиллои ин вазнро паҳлавони ҷавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев соҳиб шуд. Муллораҷаб дар даври ниҳоӣ ба муқобили дзюдочии рус Обид Ҷебов бо се шидо зафар ёфт.
Ҳамчунин дар ин вазн варзишгарони бомаҳорат, ба монанди Абубакр Шеров ва Шаҳбози Саидаброр ҳам ҳунарнамоӣ карданд. Абубакр дар даври аввал аз варзишгари узбек Отабек Отаназаров бо имтиёзи иппон мағлуб гардид. Шаҳбоз Саидаброров барои ба даст овардани медали биринҷӣ аз дзюдочии узбек Артём Штурбабин мағлуб шуд. Дилшодбек Юлдошев аз кишвари Узбекистон аввалин медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шуд. Дилшодбек барои ба даст овардани медали биринҷӣ ҳамватанаш Отабек Отаназаровро мағлуб кард.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Дилшодбек дар вазни то 66 килограмм дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини лзюдо дар шаҳри Душанбе ба гирифтани медали тилло даст ёфта буд.
Ғолибони вазни то 66 кг
1.Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)
2.Обид Ҷебов (Россия)
3.Дилшодбек Юлдошев (Узбекистон)
3.Артём Штурбабин (Узбекистон)
Барои ба даст овардани медалҳои фахрӣ дар вазни то 81 килограмм 28 варзишгар миёни ҳам рақобат карданд. Медали тиллои ин вазнро паҳлавони бомаҳорати тоҷик Ҳамроз Раҷабов ба даст овард. Ҳамроз дар даври ниҳоӣ дзюдочии эронӣ Меҳдӣ Фатҳиро бо имтиёзи иппон шикаст дод. Дзюдочии узбек Рамазон Аллабердиев барои ба даст овардани нишони биринҷӣ варзишгари тоҷик Ғаниҷон Ғаниевро дар сонияҳои аввали рақобат шикаст дод. Ғаниҷон миёни 28 дзюдочӣ, ки дар вазни то 81 кг ҳунарнамоӣ карданд, 5-ум шуд. Раҳматуллобек Фарҳодов барои ба даст овардани медали биринҷии мусобиқа Субҳиддин Халилзодаро шикаст дод. Раҳматуллобек бо тахтапушт Субҳиддинро нигоҳ дошт ва ҳамин тавр бо имтиёзи иппон ғолиб гардид.
Ғолибони вазни то 81 кг
1.Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон)
2.Меҳдӣ Фатҳӣ (Эрон)
3.Аллабердиев Рамазон (Узбекистон)
3.Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон)
Миёни бонувон Шоҳида Қаландарова, Аҳлия Муминова ва Фазилат Гулбоева дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо ба гирифтани зинаҳои фахрӣ мушарраф гардиданд.
Ғолибони вазни то 57 кг
1. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
2. Аҳлия Муминова (Тоҷикистон)
3.Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
Дар вазни то 63 кг Мавлуда Одинаева дар даври ниҳоӣ Ҷононаи 16-соларо мағлуб карда, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.
Ғолибони вазни то 63 кг
1.Мавлуда Одинаева (Тоҷикистон)
2.Ҷонона Назарова (Тоҷикистон)
3.Рӯзафсун Бекназарова (Тоҷикистон)
Барномаи баргузории мусобиқа барои имрӯз чунин аст:
Рӯзи 2 | 20 сентябр | Сешанбе
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Мардон: -90, -100, +100кг;
Хотиррасон мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм — 20 ҳазор ва барои ҷойҳои сеюм — 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод






