ПАЙКИ ПИРӮЗИИ МИЛЛАТ ДАР ЗАБОНИ ПИРУ БАРНОСТ. Эҳдо ба солгарди сию якуми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 10.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият ва озодӣ вожаҳое ҳастанд муқаддас барои ҳар қавму миллат. Аммо ба назар чунин мерасад, ки ин вожаҳо барои миллати мо қадру қимати хосса ва бештаре доранд. Тасаввурот ва бардоште, ки дар тӯли 30 соли даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон маро фаро гирифтаву муассир намудааст, ин аст ки дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои замони шӯравӣ халқе, ки аз кӯдакони наврасаш то мӯсафедони солхӯрда, аз мардумонии одӣ то эҷокорони бузург, шоирону олимону ҳунармандонаш, аз деҳқони саҳро  то Пешвои муаззами миллаташ ин вожаҳо, яъне: истиқлолият, озодӣ, ваҳдати миллӣ, парчами миллӣ ва дигар унвонҳои муқаддасоти миллиро  тӯли ин 31 соли ҳастии Истиқлолияти давлатӣ чун қасам, чун тарона, чун изҳори муҳаббат бо ҳама ифтихороти миллӣ, бо муҳаббати баланди ватандӯстона пайваста  ба забон меоранд, пас ин вожаҳо тӯли ин солҳо дар забони онҳо ҳаргиз кӯҳнаву обшуставу камранг намегарданд. Чунин  ақида рондааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар мавриди арзиши баланди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод мешаванд.

Воқеан вожаҳои Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Парчами давлатӣ  бидуни худнамоӣ, бидуни сохтакорӣ, бидуни фармоиш сол то сол  дар забони ҳамарӯзаи мардуми мо, хусусан наврасону ҷавонон дурахшонтару фурӯзонтар садо медиҳанд. Мисли ин ки ин вожаҳо чун салому алайк, чун нону намак ҳамҳавову ҳамнавои онҳо гардидаанд ва наметавон бе онҳо моро ва зиндагии моро ҳатто тасаввур кард. Ҳамин вожаҳоянд, ки миллати моро дар зери партави Парчами миллӣ, бо муҳаббату садоқати ватандӯстона ба сӯи армонҳои баланди миллӣ пайгирона раҳнамоянд.

Чанд омилҳое ҳастанд, ки  боиси ин ягонагӣ ва истиқболи самимона аз Истиқлолияту озодӣ ва муқаддасоти миллату меҳани мо гардидаанд.   Аз ҷумла,  омили аввал, эҳёи дубораи як халқ, як миллат, яъне миллати тоҷик; расидан ба он армони бузурге, ки асрҳо миллати мо дар орзуяш буд, яъне озодӣ ва истиқлолият. Зеро воқеан қиматтарин дастовард барои як миллат, як халқ  истиқлолияти давлатии ӯст. Хусусан миллати қадимӣ ва соҳибфарҳанге, ки  собиқан дар таърих соҳиби истиқлолият ва давлату ҳукумати эътирофгардидаи худ будааст, арзиши ин озодиро пас аз асрҳои гирифторӣ хуб мешиносад.

Омили дигарро дар сиришти неки инсондӯстона, хилқати хайрхоҳона, тиннати ватандӯстонаи халқи тоҷик бояд ҷуст.  Халқи соҳибтамаддуну соҳибмаърифат, халқи созандаву эҷодкор, халқи сулҳпарвару башардӯст бо шарафёб шудан ба истиқлолият моҳият ва аҳамияти таърихиву тақдирсози онро зуд дарк кард.  Яъне хиради зотии ӯ  дар дарки ин  мафҳумҳо ӯро раҳнамо буд. Ӯ тавонист ин мафҳуми тақдирсозро дар сиришту рӯҳияи худ  ҷо бидиҳад ва аз онҳо дурусту бамаврид кор бигирад.

Дарки моҳияти тақдирсози Истиқлолияти давлатӣ  ва Ваҳдати миллӣ дарки шарафу нангу номус, дарки ояндаи шукуфони худ, дарки боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва рӯзгори хеш, дарки ҳимояи марзу буму фардои хушбахтонаи фарзандону хонаводаи худ аст.

Дарки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, дарки моҳияти таърихии он буд, ки халқи парокандаи моро ба ҳам овард, ба майдони бозсозиву бунёдкориҳои бесобиқаи кишвар раҳнамо гардид.

Ба шарофати ин дарку ин қабул, бар шарофати хиради зотӣ ва пойдории маърифати миллӣ буд, ки халқи мо, пеш аз ҳама, ба эҳёи маънавиёти баланди бегазанди худ, ки дар тӯли таърихи сахту гарону хунрез ҳамеша сипари наҷоти ӯ будааст, бархост ва ҳоло қадамҳои устувору боварибахш мегузорад.

Дар қатори омилҳои табиие, ки ном бурдем, як омили асосӣ ва раҳнаморо набояд фаромӯш кард. Ин нақши воқеан тақдирсози шахсиятест, ки низ дар ин марҳилаи таърихии тақдирсоз аз сиришти халқ боло шуд. Сарвари давлати ҷавони навбунёди ин  сарзамини таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро худи тақдир, худи Худованд ва худи халқи хирадпеша ба майдон оварданд ва шахсияте гардиданд, ки худ дар ҳама ҷанбаҳо намунаи барҷастаи сарварӣ, ҷоннисорӣ, ватандӯстӣ ва ҳиммату ҳикмати бузурги миллати хеш гардиданд. Агар хиради зотии халқи тоҷик ва ҷасоратҳои ҷоннисорона, заҳматҳои хастагинопазири Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон намешуданд, гумон буд, ки миллати мо аз ин вартаҳои муҳлики  маргу ҳалокатҳо раҳо ёбад.

Воқеан Пешвои миллати мо тавонистанд ҳамон оташи дурахшони муҳаббату садоқати самимона нисбат ба халқу Ватанро, ки дар сиришташ ҳамеша фурӯзон буд, дар тӯли ин ҳама солҳои сарварӣ пайваста аз дилу ҷони худ ба дилу ҷони халқ интиқол диҳанд. Меҳру муҳаббат ва садоқати Ватанро пора-пора, зарра- зарра бо ҳар амалу гуфтору кирдор ва натиҷаҳои самарабахши онҳо аз сиришти худ ба сиришти халқу миллаташ бигзаронанд. Ин аст, ки имрӯз хурду бузурги халқи тоҷик бо як забон мегӯянд: Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, парчам, забони модарӣ  ва ғайра.

Ҳадафҳои бузургу дурбинонае, ки аз рӯзҳои аввали оғози Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуданду ҳамин рӯҳияи эҳёи миллату сарзамин, худшиносии миллӣ, шинохти худу ҳувият ва таърихи худро пеш гирифтанд, пайваста ва бо маром ба пирӯзиҳои роҳи наҷот, роҳи истиқлолият  оварданд.

Оре, ин падида бешабеҳ аст.  Имрӯз миллати мо миллатест, ки ҳатто кӯдаконаш коми худро ҳар рӯз бо вожаҳои обдори Ватан, Тоҷикистон, Истиқлолият ва Ваҳдат обгардон мекунанд… Миллате, ки имрӯзҳо пиру барнояш бо як забон, бо як наво зам-замаи ваҳдату истиқлолият менамоянд. Миллате, ки бо номи Худованди бузург пас аз бисмиллоҳ мегӯяд: Ватан, Тоҷикистон, истиқлолият, ваҳдат  ва дар садои ин вожаҳо тамомии таърихи дурахшон, донишу хирад, суннатҳои волои миллӣ, ҳунар ва истеъдоди ин халқи беназир, ниятҳои неки ӯ ҳувайдост.

Шояд ҳамин ниятҳои поки Пешвои миллатамон, ҳамин армонҳои  хайрхоҳонаи халқи неманишамон ва садоқату муҳаббати ҳама аҳли кишвар аст, ки имрӯз дар ин ҷаҳони мураккаби норому хатарзо, пур аз  зӯровариву куштору инфиҷорҳо Тоҷикистони биҳиштосои мо дар амну амонӣ ва тинҷиву шукуфоӣ ба  сар мебарад ва роҳеро интихоб кардааст, ки халқҳоро ба ҳам меорад, ба зиндагии дастҷамъонаи осоишта, ба хушбахтиву некрӯзиҳо ҳидоят мекунад. Дарҳои бози кишвари мо дарҳои бози сулҳу дӯстӣ, ишқу муҳаббат, ҳунару  санъат, хайрхоҳиву бехатарӣ мебошанд.

Наметавон нақши илму адабу дониш, нақши сухану суханварони ватандӯсти моро дар ин раванд нодида гирифт. Сухани адиб, сухани олим, сухани шоир, сухани журналистони ватандӯст дар ин марҳилаҳои тақдирсоз дар шинохти ҳувияту асолати миллӣ, лар иҷрои ҳадафҳои баланди эҳёи миллӣ  бо раҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои миллатамон тавонист  нақши шоистаи худро  бигузорад.

Миллате аз ҷодаҳои таърих дар партави эҳёи навини худ дар лаб суруди муҳаббату дӯстӣ, дар дил армонҳои неки инсонӣ ба сӯи ояндаи дурахшони худ равон аст. Ӯ паёми обҳои зулолу ҳастии поку ҳалолро бо худ мебарад ва раҳ ба раҳ сарзамини зарфишону гулафшону сарсабзи худро ба биҳишти инсонҳои неку хайрхоҳ табдил медиҳад. Кош роҳаш бехатар ва дур аз чашмони бад бошад! Кош ба ниятҳои неки инсонпарваронаву башардӯстонаи худ бирасад ва кафолати тинҷиву амонӣ ва бехатарии  инсонҳои рӯи замин гардад!

Дил мехоҳад нидо кунад: зиндаву сарбаланду поянда бош, эй халқи заҳматдӯст, нексиришту ҷоннисори тоҷик, дар ин ҷодаҳое хайрхоҳӣ, некиву башардӯстӣ, дар ин самтҳои шукуфоӣ ва бунёдкориву ободонгардонии сарзамини бостонии худ. Худо ёру мададгорат бод! Кас мехоҳад дуо кунад: зиндаву сарбаланду поянда бошед, Пешвои  ватандӯсту ҷоннисор, ятимпарвару фарҳангдӯст, хайрхоҳу некбини миллати мо! Зиндаву поянда бод Истиқлолияти давлатии халқи хирадпешаи тоҷик ва Ваҳдати миллии он- ягона кафолати пойдории ин истиқлолият!

ИСТИҚЛОЛИ МО

Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем,
Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем.

Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем,
Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.

Ин туӣ, к-аз пайкару пайкори мо рӯидаӣ!
Ин туӣ, к-аз дидаи бедори мо рӯидаӣ!

Ин туӣ, рӯида аз таърихи хунини Ватан!
Аз сари сангину аз тамкину аз кини Ватан!

Ин туӣ, к-аз ҳикмати пирони мо рӯидаӣ!
Ин туӣ, к-аз ҷону аз виҷдони мо рӯидаӣ!

Хокат аз хоки вуҷуди рафтагони мо бувад!
Ин Нишонат аз ҳазорон бенишони мо бувад.

Парчамат аз чарми нанги мост, аз виҷдони мост!
Аз ҳарири пардаҳои синаи сӯзони мост!

Мо ҳама дороии худро фидоят кардаем,
Ҷисми худро дода, дилро раҳнамоят кардаем.

Дур бод он кас, ки моро аз ту хоҳад дур кард!
Кӯр бод он кас, ки мехоҳад раҳатро кӯр кард!

Эй ту Истиқлоли мо, иқболи мо, иҷлоли мо!
Эй ту шаъни аз шукӯҳи меҳр моломоли мо!

Эй муқаддас! Эй ҳазоронсола армони Ватан!
Мо ту ҳастему ту дар мо пайки паймони Ватан!

Мо туро дар мағз-мағзи ҷисму ҷон мепарварем!
Мо туро чун устувон дар устухон мепарварем!

Мо ба ёди ту ба сад ҷабру ҷафоҳо зистем!
Як нафас бе ту агар бошем, ҳаргиз нестем!

Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост!
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост!

Камол НАСРУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд