Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Сентябрь 7, 2022 18:15

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари ба ҳалокат расидани шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бар асари зилзилаи шадид боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Бо эҳсоси ҳамдардӣ аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо, наздикону пайвандони қурбониён ва тамоми мардуми Чин тасаллиёти самимии ин ҷонибро иброз менамоям.

Ба ҳамаи осебдидагон аз ин офати табиӣ шифои комил мехоҳам».

Сентябрь 7, 2022 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод якчанд иншооти соҳаи маорифро фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд