Пешвои миллат: «Модарон ба духтарон қабл аз издивоҷ бояд расму оини оиладорӣ ва тарзи дуруст тайёр кардани хӯрокҳои миллиро омӯзонанд»
ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зарур аст, ки волидон дар тарбияи фарзандон ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд. Баъди ба балоғат расидани фарзандон модарон бо духтарон ва падарон бо писарон бештар кор карда, барои фардои дурахшони онҳо замина гузоранд. Хусусан занону бонувон ба духтарон қабл аз издивоҷ расму оини оиладорӣ ва тарзи дуруст тайёр кардани хӯрокҳои миллиро омӯзонанд. Ҷавондухтар ақаллан бояд се-чор намуд хӯроки миллӣ омода карда тавонад. Бисёре аз ҷавонон баъди чор-панҷ маротиба истеъмол намудани хӯроки шӯр ё бемазза аз баҳри зиндагӣ мегузаранд ва хонаводаи ҷавон пароканда мешавад.
Доир ба ин масъалаи муҳими зиндагӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябр зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Душанбе иброз доштанд.
Сарвари давлат дар идома ба аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳоро дар мадди аввал гузоранд.
Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «мо тамоми шароит ва имкониятро фароҳам овардаем, то насли наврас, ки ояндаи ин миллату давлат мебошад, илм омӯзад, дониш гирад, соҳиби касбу ҳунар гардад ва дар зиндагӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ нашавад. Барои ин падару модарон бояд ба онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд, кумак расонанд, барои интихоби дурусти касб онҳоро роҳнамоӣ кунанд».
«Мо, падару модарон бояд ҳаргиз фаромӯш насозем, ки ояндаи Тоҷикистон ва фардои давлату миллат ба фарзандону набераҳои мо – наврасону ҷавонон тааллуқ дорад. Мутаассифона, волидоне ҳастанд, ки бо фарзандон сари як дастархон нишаста, ҳамроҳ хӯрок намехӯранд, ба онҳо одоби рафтору гуфтор ва муомилаи дурустро намеомӯзонанд. Пас ин фарзандон чӣ гуна тарбия мегиранд, бо кадом роҳ аз одитарин одоби оилаву оиладорӣ огоҳ мегарданд ва хонаводаи мустаҳкам барпо мекунанд»,-изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҳамеша дар маркази диққати Президенти Тоҷикистон қарор дошта, бо ин мақсад дар мамлакати мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст.
14 декабри соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда буданд.
«Дар давраи ҷаҳонишавии босуръати мушкилоти башарият ва омезиши арзишҳо, вақте ки нақш ва таъсири таълиму тарбия ҳамчун маҳаки иҷтимоии рушди инсон ва таҳкими сармояи зеҳнӣ пояҳои ҷомеаи навро фароҳам месозад, қабули чунин санади муҳим иқдоми саривақтист», — изҳор дошта буданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи қонун 14 декабри соли 2010.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, лоиҳаи қонун ба баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон ва ба ҳаёти мустаҳқилона омода кардани онҳо нигаронида шудааст.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки таълим ва тарбия дар ҷараёни ҳамкории зичи се шохаи иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа сурат хоҳад гирифт.
«Баъзе волидон тарбияи фарзандро масъулияти мактаб мешуморанд ва ба ин мушкилот назари хеле сатҳӣ доранд. Аксари онҳо тасаввурот надоранд, ки фарзандонашон дар мактаб чӣ кор мекунанд ва вақти холии худро чӣ гуна мегузаронанд», — зикр намуданд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат пайваста ба зарурати таъмини муттасилии анъанаҳои беҳтарини ахлоқӣ ва одоби ҳамида, ки аз насл ба насл интиқол меёбанд, таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Саидҷаъфар АШӮРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






