«Пешвои миллат: «Забон муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои миллат аст»»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида чун дигар расонаҳои иттилоотии мамлакат доир ба истиқболи Рӯзи забони давлатӣ, таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ва созандагу бунёдкорӣ дар мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд. Шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи  №186 (24 5415, чоршанбе, 28 сентябри соли равон) зери сарлавҳаи «Душанбе. Осорхонаи таърихӣ фаротар аз таърихи пойтахтро дар бар мегирад», «Эмомалӣ Раҳмон- бунёдгузори истиқлоли энергетикӣ» маводи таҳлилӣ  ва дар рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро  аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат нашр намудааст.

Инчунин аз ин шумора хонандагон метавонанд аз маводи «Ноҳияи Панҷ. Марҳилаи нави рушд ояндасоз хоҳад буд!» доир ба пешравиҳои соҳаи саноат, сохтмон ва меъморӣ, андоз ва кишоварзии ноҳияи Панҷ ва аз маводи Раиси суди ноҳияи Ванҷ зери сарлавҳаи «Забони тоҷикӣ. Нақши мақомоти судӣ дар ташаккули он ҳамчун забони давлатӣ» доир ба вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забон ва дурнамои он дар даврони истиқлолият маълумот пайдо намоянд.

Дар шумораи №185  (24 544) «Ҷумҳурият», сешанбе, 27 сентябри соли равон суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар шаҳри Душанбе зери сарлавҳаи «Пешвои миллат: Забон муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои миллат аст» нашр гардидааст. Дар он таъкид шудааст: «Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст. Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст…».

Ҳамчунин Сарвари давлат иброз доштаанд, ки «забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо – тоҷикон – яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад.

Сенздаҳ сол пеш, яъне 5 октябри соли 2009 бо дарназардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул карда шуд.

Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад».

Инчунин дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори истиқлоли энергетикӣ», «Ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон», «Ноҳияи Фирдавсӣ. Муқовимат ба коррупсия миёни сокинон тарғиб мегардад» матолиб ба нашр расидаанд.

«Дар шароити ҷаҳонишавӣ муколама аз доираи фарҳангу воқеият (фазои фарҳангӣ) берун рафта, дар фазои худ афроди дорои ҷаҳонбинии динӣ ва муносибатҳои сиёсии гуногунро фаро мегирад ва онҳо ба мақсад мувофиқ ва зарурӣ буда, барои ҳалли масъала муттаҳид мешаванд…»- бо чунин матлаб оғоз шудааст маводи  муҳаққиқ Ширин Қурбонова ва рӯзноманигор Машраби Абудуллоҳ, ки дар нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи душанбе, 26 сентябр, №119 (4539) нашр гардидааст.

Дар ин мавод таърихи ташаккул ва тақвият ёфтани ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир вижагиҳои бархӯрд ва баҳамоии аносири фарҳанг, инчунин талошҳои донишманди тоҷик Кароматулло Олимов таҳқиқ гардидаанд, ки шакли пурраи онро хонанда метавонад аз ин шумора мутолиа намояд.

Ҳамзамон таҳти сарлавҳаҳои «Ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар шеъри форсӣ- тоҷикӣ ва ҷаҳон», «Тарғиби забономӯзӣ дар замони истиқлолият», «Чӣ тавр зангибача аз филми «Сирк» дӯсти Заур Дахте шуд», «Истеъмоли чилим ва оқибатҳои ногувори он», «Дунявиат ва таассуб. Шакарро набояд бо заҳр омехт»  мавод ба нашр расонидааст.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №40 (20373), 28 сентябри соли равон  дар баробари дигар нашрияҳо хабару гузоришҳоро аз ҷараёни иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои нави маъмурии таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва суханронӣ бо аҳли маорифи пойтахт, инчунин кумаки Пешвои миллат ба оилаҳои аз низоъҳои сарҳадӣ зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва  хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат инъикос намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора зери сарлавҳаи «Мудрость-Рудаки, подарена навеки человечеству», «Обзор промежуточных результатов реализации проекта», «Работники лесного хозяйства отметили свой праздник» ва ғайра мавод ба нашр расидаанд.

 «Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №38 (13834, чоршанбе, 28 сентябри соли 2022 иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифитоҳи бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Гимназияи Нуриддин ва суханронӣ бо маорифчиёни пойтахт, инчунин барқияи изҳори тасаллии Сарвари давлат ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро инъикос намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд.

Дар ин шумора таҳти унвонҳои «Масъулиятшиносӣ-кафили пешрафт дар фаъолият», «Дастовардҳои замони истиқлол», «Ба таърих бо чашми хирад бингарем», «Сипар ва шармшери тоҷикон», «Се даҳсолаи ормони ҳазорсола»,  «Хиёнат ва таъсири он ба амнияти миллӣ» ва  дигар матолиби таҳлилӣ  ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд