Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтанд.
Дар мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.
Сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба дар доираи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ зикр гардид. Инкишофи минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар ин рӯҳия ба манфиатҳои бунёдӣ ва ормонҳои ду халқи бародар мувофиқ дониста шуд.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои музокироти боварибахш дар сатҳи баланд дар ҷараёни сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат изҳори итминон карданд, ки татбиқи мунтазами созишҳои ҳосилшуда ба ҳамкории ҷонибҳо дар ҳама ҷабҳаҳо такони сифатан нав мебахшад.
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятноки равобити ду кишвар номида шуда, сатҳи баланди гардиши савдои мутақобила зикр гардид.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуда, аз оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими роҳи оҳан байни пойтахтҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Сарони давлатҳо аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарии ду кишварро таъкид карданд.
Ҷонибҳо пурмазмун кардани рӯзномаи муносибатҳои дутарафаро бо масъалаҳои нав ба манфиати ду кишвар номиданд.









Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд






