Рамазон Раҳимзода моҳи сентябр дар ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ, ки 7-9 сентябри соли равон дар шаҳри Чӯлпон-Отаи Қирғизистон баргузор мешавад, иштирок менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад.
Дар ҷаласа ба ғайр аз Рамазон Раҳимзода ҳамчунин вазирони корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Узбекистон ширкат меварзанд.
Дар назар аст, ки вазирон тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварҳои Иттиҳодро баррасӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон чанд омилеро, ки барои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳдид доранд, номбар карда буд.
«Мо бояд талошҳои худро ба муқобили се зуҳуроти номатлуб – терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона созем», — гуфт ӯ дар ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






