Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон дар Фестивали анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллии намояндагиҳои дипломатӣ дар Тошканд ширкат варзид

Сентябрь 26, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон дар Фестивали XVIII хайрияи анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллии намояндагиҳои дипломатӣ, ки 24 сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар баробари Тоҷикистон Озарбойҷон, Афғонистон, Миср, Беларус, Олмон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Италия, Индонезия, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Қирғизистон, Қазоқистон, Малайзия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Фаластин, Россия, Руминия, Туркия, Уммон, Чехия, Швейтсария, инчунин ба таври алоҳида Иттиҳоди Аврупо, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, СММ ва Консулгарии Белгия низ анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллии бою рангини худро муаррифӣ карданд.

Мақсади асосии фестивал- фароҳам овардани имкони шиносоӣ бо мероси фарҳангии кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Тошканд, инчунин расонидани кумаки хайрия ба ятимхонаҳо буд.


Дар баробари намоиши доираи васеи таомҳои миллии кишварҳо ҳамчунин ҳунарнамоии дастаҳои фолклорию этнографӣ барпо гардид.

Дар фарҷоми фестивал ба ҳамаи иштирокчиён туҳфаҳо тақдим карда шуда, ҳайати ҳакамон ба таъму муаррифии таомҳо, инчунин барномаи мусиқӣ ва беҳтарин либосҳо баҳо гузоштанд.

АКС: АИ «Дунё»/манбаъҳои боз

Сентябрь 26, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид