Шоир ва тарҷумони узбекзабон Одил Икром бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Узви Иттифоқи нависандагони Узбекистон, шоир ва тарҷумони зодаи Тоҷикистон Одил Икром барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷоиза 25 август дар Қасри миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Одил Икром супорида шуд.
Одил Икром барои тарҷумаи осори «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ, китоби «Антологияи адабиёти муосири тоҷик», чанд осори дигари адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ба забони узбекӣ бо ин ҷоиза сарфароз гардид.
Ӯро хонандагони тоҷику узбек бо асарҳояш, аз ҷумла «Дарахти уфуқ», «Таҳаҷҷуд», «Узлат», «Таҳаммул», «Мақбараи хаёл», ки дар Тоҷикистон ва Узбекистон ба табъ расидаанд, хуб мешиносанд.
Ёдовар мешавем, ки 25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд мукофотҳои давлатӣ, унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






