Шумораи аҳолии Қирғизистон ба 7 миллион нафар наздик шуд

Сентябрь 12, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сокинони Қирғизистон афзоиш ёфта, ба 7 миллион нафар наздик шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Қирғизистон, ба санаи 1 августи соли 2022 шумораи аҳолии кишвар 6 миллиону 977 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Шумораи воқеии сокинони доимии кишвар нисбат ба соли 2009 1,6 миллион нафар афзуда, суръати афзоиши миёнаи солона 2,1 фоизро ташкил додааст.

Дар кумита шарҳ доданд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Қирғизистон дар фасли баҳор дар ду марҳила сурат гирифт. Дар давраи тобистон Кумитаи миллии омор марҳилаи якуми коркарди маълумоти воридшударо анҷом дод. Дар айни замон таҳрири маълумоти гирифта барои мавҷуд будани хатоиҳои мантиқӣ сурат гирифта, бо маълумоти сабти демографии ҷорӣ (ҷинс, синну сол, тақсимоти ҳудудӣ ва ғайра) мувофиқ кунонида мешавад ва то охири соли 2022 ба анҷом мерасад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 23 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе сокини 10-миллионуми Тоҷикистон ба дунё омад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеи худро дар ҷои 3-юм мустаҳкам намуд. Дар айни ҳол дар Узбекистон 35 миллион нафар, дар Қазоқистон-тақрибан 19 млн ва дар Туркманистон беш аз 6 млн нафар зиндагӣ мекунанд.

АКС: barometr

Сентябрь 12, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд