ТАВАҶҶУҲ! 7-8 сентябр дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мегардад
ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 сентябр аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт маҳдуд мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маҳдудияти воситаи нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шоми 8 сентябр дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе бахшида ба он барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд, ҷорӣ карда мешавад.
Инчунин дар ин давра воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд мегардад.
Раёсати БДА ВКД мамлакат аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
АКС аз бойгонӣ








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд






