Тоҷикистон баъди ғалаба бар дастаи мунтахаби Тринидад ва Тобаго ба финали мусобиқаи «King’s Cup 2022» роҳ ёфт

Сентябрь 23, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон  оид ба футбол  дар доираи бозии нимниҳоии Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» бо  дастаи  мунтахаби Тринидад ва Тобаго рақобат  намуд. Вохӯрии дастаҳо дар  варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai»-и шаҳри Чиангмайи Таиланд  ҷолиб  баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи  дастаи мунтахаби Тринидад ва Тобаго хотима  ёфт. Голро дар ҳайати ин даста Ҷуда Гарсия дар дақиқаи 27-уми бозӣ ба дарвозаи Рустам Ятимов зад. Дар қисми дуюми бозӣ дастпарварони Петр Сегрт бозии дигар нишон доданд. Ҳанӯз дар дақиқаи 47-уми бозӣ Муҳаммадҷон Раҳимов ҳисобро мусовӣ кард. Дар дақиқаи 75-ум бозингари бомаҳорати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе бо зарбаи қавӣ натиҷаро 2 бар 1 ба нафъи дастаи  мунтахаби Тоҷикистон кард.

Баъди ин ғалаба дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ба финали мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ  бо ғолиби ҷуфти  дастаҳои футболи мунтахаби Таиланд ва Малайзия  вориди майдони рақобат мешавад. Бозии ниҳоӣ 25 сентябр, соати 18:30 ба вақти Душанбе доир мешавад.

 Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022» |1/2 ниҳоӣ

Тринидад ва Тобаго  1:2  ТОҶИКИСТОН

Голҳо: Ҷуда Гарсия ’27, Мухаммадҷон Раҳимов ‘47, Эҳсони Панҷшанбе ‘75

Чиангмай, Тайланд, варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai»

                                                                                                                 Акс: ФФТ

 

Сентябрь 23, 2022 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад