ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2531 то 10.1800 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 10.2480 сомонӣ;
1 евро – 10.2531 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1660 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.2480 то 10.1500 сомонӣ;
1 евро аз 10.2531 то 10.1800 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1660 то 0.1685 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».